ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони Шаҳринав бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар шуданд
164
Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ» маросими Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар ин рӯзи хотирмон 70 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд.
Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд. Дар маросими тантанавии гусели наваскарон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки “Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвор ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар доранд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад”. Собиқадори меҳнат Музаффар Дадабоев гуфт, ки “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия намуда, ба сифати муҳофизи Ватан омода менамояд. Афсарону сарбозони Артиши милли мо сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии онҳо дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд. Мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонони бонангу номуси ноҳияи Шаҳринав дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд, ки сарбаландии волидон ва намунаи ибрати насли ҷавон ба ҳисоб мераванд”. Дар ҷамъомади тантанавӣ наваскарон омодагии худ ва содиқона адо намудани хизмати ҳарбиро изҳор дошта, қавл доданд, ки дар оянда низ барои пешрафту шукуфоии Ватани азиз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат хоҳанд кард. Чун анъанаи гузаштагон дар ин маърака маросими кулчагазон доир гардида, баҳри болидахотирии наваскарон барномаи консертии санъаткорони ноҳия баргузор шуд. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |