19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«…Забони тоҷикӣ-каломи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз…,- бардошт аз конфронси ҲХДТ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

156
«…Забони тоҷикӣ-каломи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз…,- бардошт аз конфронси ҲХДТ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон3 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи «Бузургдошти забони тоҷикӣ ва мақоми он дар эҳёи давлатдории миллӣ» Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар доданд.

Дар кори конфронс муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматшо Маликшозода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ, як қатор олимону донишмандони соҳа, кормандони масъули сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки «13 сол муқаддам, яъне 5 октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарват, ифтихор ва рӯйи сурху сари баланди мо, тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил мешавад».

«Ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибзабон мебошад. Барҳақ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид мекунанд, ки забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад»,-тазаккур дод муовини Раиси ҲХДТ.

Дар идомаи кори конфронс раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода, вакили Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиён ва декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ дар мавзӯъҳои «Пешвои миллат оид ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷикӣ», «Пешвои миллат – ҳомии забони тоҷикӣ» ва «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои тафаккурсоз» маърӯза карданд.


Маърӯзачиён таъкид карданд, ки бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд.

Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар мавзӯи «Забон ва эҷод» андешаронӣ намуда, як шеъри худро, ки ба забони тоҷикӣ бахшида шудааст, қироат намуд.

Акс: маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво