25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони шаҳри Кӯлобро бо иҷрои маросими мардумии «Нонгазон» ба хизмати содиқона гусел намуданд

136
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони шаҳри Кӯлобро бо иҷрои маросими мардумии «Нонгазон» ба хизмати содиқона гусел намуданд1 октябр дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи гусели тирамоҳии ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар маросими тантанавӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда, наваскаронро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзу марзу буми мамлакат гусел намуданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аждодӣ барои ҳар ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст».

Имрӯз ҳар сокини шаҳри Кӯлоб бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, сидқан ифтихор мекунад. Ҳоло Қувваҳои мусаллаҳ ба сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва бо онҳо ифтихор доранд.

Раиси шаҳр ба волидайни ҷавонони даъватшуда, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, миннатдорӣ намуда, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.

Як зумра волидайни даъватшудагон сухан намуда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Сипас маросими мардумии «Нонгазон» аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи ҷолиби ҳунариро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони шаҳри Кӯлобро бо иҷрои маросими мардумии «Нонгазон» ба хизмати содиқона гусел намуданд


ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони шаҳри Кӯлобро бо иҷрои маросими мардумии «Нонгазон» ба хизмати содиқона гусел намуданд


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво