28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бадахшон барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шуд

368
Дар Бадахшон таҳти раёсати Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2023-2025» ва «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Доир ба баррасии Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии вилоят муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Марзия Некпаева зикр кард, ки барнома тадбирҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ дар бар мегирад.

«Ҳоло дар қайди шуъба ва бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 5539 нафар шаҳрвандони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд»,-гуфт Марзия Некпаева.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, таъмини ҷойҳои корӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва сохтмони роҳи Дарвоз – Ванҷ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз шахсони мутасаддӣ ҷиҳати иҷрои сифатноки бандҳои барномаи мазкур масъулияти баланд талаб кард.

Сипас Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ворид намудани сохтмони корхонаҳои саноатӣ супориши иловагӣ дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво