20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТИҚРОРИ СУЛҲ НАҚШИ БУЗУРГ ДОРАД. Эҳдо ба 63-солагии таъсиси ин шабака

214
ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТИҚРОРИ СУЛҲ НАҚШИ БУЗУРГ ДОРАД. Эҳдо ба 63-солагии таъсиси ин шабакаИмрӯз, 3 октябр аз таъсиси аввалин шабакаи Телевизиони Тоҷикистон 63 сол пур мешавад. Ба ин муносибат номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомҷон ҲАМИДИЁН дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» оид ба нақши телевизион дар инъикос ва ташаккули афкори омма изҳори андеша намуд.

Илҳомҷон Ҳамидиён гуфт, ки телевизион на танҳо дар афкори мардум таҳаввулоти бузург ба амал овард, балки шакл ва натиҷаи таъсирро ба афкори иҷтимоӣ хеле баланд бардошт ва муассир кард.

«Солҳои 90-уми асри ХХ барои сокинони Тоҷикистон бинобар сар задани низоҳои дохилӣ давраи душвору тақдирсоз маҳсуб мешавад. Нақши Телевизиони Тоҷикистон дар ин давра ҷиҳати иттилоотонии аҳолӣ ва расонидани воқеияти ҳодисаҳои ҳамон замон ниҳоят бузург аст. Бо мақсади таъсири мусбат расонидани гуфтору мусоҳибаҳои телевизионӣ кормандони эҷодӣ кӯшиш мекарданд, ки шахсони маъруфи Тоҷикистонро бо барномаҳояшон даъват намуда, ҳолати баамаломадаро фаҳмонанд. Барномаҳои «Масъулият», «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» ва ғайра ҳамон вақт арзи вуҷуд намуданд»,-шарҳ дод ӯ.

Коршинос бар он андеша аст, ки «дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ низ нақши Телевизиони Тоҷикистон бағоят бузург аст. Дар он лаҳзаҳои ҳассос танҳо сулҳу ваҳдати миллӣ миллати моро метавонист аз паркандагӣ раҳо бубахшад. Ин мавзӯъ яке аз самтҳои умдаи кормандони телевизиони Тоҷикистон гардида, пайваста барномаҳо омода мешуданд. Яке аз он барномаҳо «Бозгашт» буд. Зимни тамошои ин ва дигар барномаҳо эҳсос мешадад, ки ҳамдиёрони бозгаштаи мо ташнаи сулҳу ваҳдатанд. Дар ин замина, суҳбат кардан аз хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат маҳз аз он солҳо маншаъ мегирад ва симосозию нуфузсозӣ (имиҷмейкинг) ба фаъолияти рӯзмарраи телевизиони Тоҷикистон табдил шуд».ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТИҚРОРИ СУЛҲ НАҚШИ БУЗУРГ ДОРАД. Эҳдо ба 63-солагии таъсиси ин шабака

Илҳомҷон Ҳамидиён тазаккур дод, ки «ба ин тамоюл – симосозии роҳбар телевизионҳои Тоҷикистон баъд аз соли 2000 таваҷҷуҳ карданд. Шуруъ аз суханроние, ки 1 январи соли 2000 ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ нашр гардид ва мавҷудияти таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи дар мамлакат фароҳам овардани фазои сулҳу оштӣ ва баргардонидани фирориён ҳамчун усули бесобиқаи давлатдорӣ муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст, то охирин суханрониҳо метавон мушоҳида намуд, ки телевизион симои Президентро ҳамчун ҳомию кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муаррифӣ менамояд».

«Шаклгирии дурусти имиҷ дар шуури тамошобинони телевизион аз механизмҳои умдаи кор бо аудитория аст. Симо ҳамон мавқеъгирии калидиеро инъикос мекунад, ки афкори инсон ба он таъсиргузор бошад. Масалан, ҳар вақте Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон сафар мекунанд, мардуми маҳал ва ҳам бинандагони телевизион суҳбати «бидуни протокол», бе коғази Пешвои миллатро хеле дӯст медоранд, зеро ҳамагӣ иттилоъ доранд, ки дар ин саволу ҷавоб имкон дорад ин ё он мушкил ҳал гардад.

Ё кадрҳои сафари Президент ба Афғонистони ҳамсоя дар даври ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, суҳбатҳои самимӣ бо роҳбарони даври ин кишвар ба шумули Аҳмадшоҳи Масъуд то имрӯз дар шабакаҳои давлатии телевизион «мечарханд» ва ҷонфидо будани ин шахсияти таърихиро ишора мекунанд, ки барҳақ, дуруст аст».

Номбурда илова кард, ки «албатта, дар ин самт хизмати хадамоти матбуотии Президент кам нест. Саҳми онҳоро набояд нодида гирифт. Матни пасикадрӣ ба ҳайси як навъ роҳбалад баромад карда, дар бораи нақша, нигоҳ, афкор ва технологияҳо суҳбат мекунад. Онҳо бо забони мардум, оммафаҳм нақл мекунанд ва аудиторияро бояд эҳсосе фаро гирад, ки ҳар амали дар кадр рӯйдода дар бораи бинанда ва ё барои ӯ аст. Бесабаб нест, ки сафарҳои дохилӣ ва хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар соати муайян бо тамға (логотип)-и Телевизиони «Тоҷикистон» намоиш дода мешаванд».

Мавсуф шарҳ дод, ки «дар стратегияи пахши иттилооти расмӣ ва расонидани ғояи он Телевизиони «Тоҷикистон» пешсаф аст ва онро қатъӣ риоя менамояд.

«Зимнан, диққат ба ин масъалаҳоро манфиатовар медонем:телевизион бояд ба таҳия ва пахши барномаҳое даст занад, ки завқи зебоипарастӣ, маънавиёт ва сатҳи маърифатнокию фарҳангии мардумро баланд бардорад ва наслҳои ояндаро дар руҳияи баланди ахлоқӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омодабошии дифои сарзамин тарбия намояд, дар ин раванд, таҳияи барномаҳои воқеӣ роҷеъ ба таблиғ ва пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ бояд мақоми хоса касб намоянд, ҳангоми таҳияи барномаҳои шавқовар ба унсури ҷолибсозии он низ бояд мароқ зоҳир гардад»,- чунин пешниҳод намуд дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён.

АКС аз муаллиф ва манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво