30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд ба меъморони чумҳурӣ бахшида ба иди касбиашон

53
Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд ба меъморони чумҳурӣ бахшида ба иди касбиашон
Муҳтарам меъморон ва собиқадорони соҳа,
ҳамкасбони азиз!

Ҳамаи шуморо бо ҷашни касбиатон - Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ сидқан табрик намуда, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти ҳаррӯзаатон ба хотири шукуфоии Ватани азизамон дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям!
Меъморӣ шуғли мураккаб ва пурмасъулият буда, яке аз касбҳои бонуфуз дар ҷамъият ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, барои ташаккули пойдории зисту зиндагонии мардум мо меъморону сохтмончиён дар назди ҷамъият, дар назди насли ояндаи миллат як масъулияти хосаеро ба ӯҳда дорем.
Бисёр муҳим аст, ки меъморон анъанаҳои бойи миллии аз наслҳои гузаштаамон боқимондаро нигоҳ медоранд, барои маҳфуз ва эмин нигоҳ доштани мероси таърихию фарҳангиамон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва дар баробари ҳамаи ин барои тарбия ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд саҳм мегузоранд.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт эҷодиёти бойи миллӣ, таҷриба ва истифодаи усулҳои навини меъморони ҷумҳурӣ метавонад имконияти сохтмони биноҳои истиқоматии камхарҷ ва бо ҳузуру ҳаловатро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба бор оварад ва ҳамзамон симои шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишинро зебо ва барои зиндагӣ муносиб гардонад.
Бояд таъкид намуд, ки дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафти соҳаи меъморӣ ва сохтмон пайваста эҳсос мегардад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати заҳмати созандаву фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба дастовардҳои арзанда дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ расидааст, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷ буда, дар ин радиф иншооти меъмории боҳашамату нотакрор, ба монанди бинои Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Нишону Парчами давлатӣ қомат афрохтаанд, ки барои мардуми кишвар дар пешравӣ, ташаккул ва худшиносии миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, барои сайёҳон ҷойҳои тамошобоб ба ҳисоб мераванд.
Дастовардҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки дар пойтахти Тоҷикистони азизамон сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шуда, дар муддати начандон тӯлонӣ намуди пойтахтамон дигаргун, зебо ва дилписанд гардидаааст. Услуби якҷояи Аврупо ва Шарқ ва меъмории миллӣ, ки дар сохтмони иншоот ва биноҳо истифода мешаванд, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал мегардонад ва ин маҳсули кори меъморони тоҷик мебошад.
Бояд қайд намуд, ки бо қабул ва татбиқи як қатор санадҳо ва нақшаҳои тарҳрезишуда соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони мамлакатамон бемайлон рушд намуда истодааст.
Асосгузори ҳамаи азнавсозиҳо, ташаббускорӣ ва илҳомбахши сохтмони иншоотҳои азиму стратегӣ дар ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд. Итминони комил дорам, ки сарзамини хуршедии мо Тоҷикистони азиз таҳти Сарварии Президенти мамлакат бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ ҳамсафи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон мегардад.
Мавриди зикр аст, ки хонаро пойтахти зиндагӣ мегӯянд, ки бесабаб нест. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунем, ки ин «пойтахт» ҳамеша чароғон бошад. Сарвари давлат дар Паём зикр карданд, ки ҳар нафар метавонад хонаи худро бо тарҳи меъмории хоси миллати тоҷик бунёд намояд ва ба фарзандони худ мерос гузорад. Имрӯзҳо ҳар хонае, ки сохта мешавад, хоҳ дар маҳал ва хоҳ дар марказ, ҳам зиндагии соҳибхона ва ҳам намои шаҳру деҳоти моро зебоӣ мебахшад. Мардуми тамаддунофари тоҷик ба зиндагии аз ин ҳам беҳтару роҳат шоиста аст. Зебоию ободии шаҳрҳо, кӯчаю хиёбонҳо, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва ҳазорҳо коху қасрҳои муҳташам аз заҳмати биносозону меъморон аст.
Меъморон масъулияти касбии худро нисбат ба пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк менамоянд ва ҳамарӯза барои амалӣ гардонидани вазифаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Қобили зикр аст, ки меъморони ҷумҳурӣ дар корҳои лоиҳакашии сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, барои боз ҳам зебо ва обод гардонидани Ватани азизамон саҳми босазои худро гузоштанд.
Бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамкорони азиз, меъморон ва собиқадорони соҳаро бо ҷашни касбиатон муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти касбиятон қуллаҳои баланди тахассусӣ, муваффақиятҳои беназиру дастовардҳои нав ба навро ба хотири татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда баҳри шукуфоии Ватани азизамон орзу менамоям!
Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ муборак, ҳамкасбони гиромӣ!


Бо эҳтиром,
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадсаид ЗУВАЙДЗОДА




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво