29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд

109
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намудандДар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз аввалинҳо шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо оғоз гардидани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ омодагии худро изҳор дошта, собитқадамона барои хидмати ҳарбӣ қадам гузоштанд.

Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар Ворух ва Чоркӯҳ, инчунин маркази шаҳри Исфара ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд


ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд


Масъулин ва собиқадорону волидони даъватшавандагон хизмат дар сафи Артиши миллиро гузаштан аз мактаби мардонагӣ унвон намуда, бо ифтихори зиёд изҳор доштанд, ки ҷавонони Воруху Чоркӯҳ дар ҳимояи марзу буми меҳани хеш ҳамеша бояд дар сафи пеш бошанд. Зеро ин минтақаҳои марзии кишвар буда, аз ҳомиёни Ватан дар ҳама давру замон матонат, далерию шуҷоатро тақозо мекунанд.

Чорабинии гусели наваскарон дар шаҳри Исфара бо риояи тамоми анъанаҳо баргузор гардид. Дар ҳузури иштирокдорон пешсафон, волидони сарбозон ва наваскарон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд


ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд


Барномаи рангини фарҳангӣ ба ҷамъомад шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид. Диловарони ватан ҳамроҳи азизони худ то дер гоҳ хурсандӣ намуда, бо рӯҳияи баланд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд


ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд


АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво