26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дурнамоии рушди муносибати Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид

122
Дурнамоии рушди муносибати Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид27 сентябр дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатӣ — муовини Вазири иқтисод ва инфрасохтори Молдова, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Вадим Гумене сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, афзоиш додани табодули мол, мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво