25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз Истаравшан барои сокинони зарардидаи деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ёрӣ расонда шуд

141
Аз Истаравшан барои сокинони зарардидаи деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ёрӣ расонда шудБо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша 28 сентябр ба оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардидаи деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ирсол карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Тавре масъулин иброз доштанд, соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар пайравӣ ба амалҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаи оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардида, ин иқдоми наҷибро амалӣ намуданд.

«Дар ин рӯзҳои ниҳоят душвор мо дар паҳлуи сокинони зарардидаи шаҳри Исфара ҳастем ва то метавонем ба онҳо барои барқарор намудани манзили зисташон ёрӣ мерасонем»,-зикр карданд онҳо ва илова карданд, ки иқдоми мазкур идома дошта, дар назар аст дар доираи ин тадбир барои зарардидагон то 200 ҳазор хишти дигар кӯмак карда шавад.


Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво