24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Исфара боздид намуд

139
Раиси вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Исфара боздид намудРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара аз ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар шаҳри Исфара ҳоло ситоди вилоятӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ фаъолият дошта, тақсими масолеҳи сохтмонӣ ба сокинони зарардида, бартарафкунии оқибатҳои даргириҳо, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.

Раиси вилоят аз нуқтаи тақсими масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ боздид карда, ба мутасаддиён дастур дод, ки ҷараёни корҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, ба мардум кумак расонанд.

Дар Исфара 90 оила бесарпаноҳ монда, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шаҳрвандони зарардида то моҳи ноябр хонаҳои истиқоматӣ аз нав бунёд карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҳарчӣ зудтари манзилҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон бо дастури Раиси вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳи деҳаи Навободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба масофаи 7 километр мумфарш гардида истодааст.

Роҳи деҳаи Навобод солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинон ҳал мешавад. Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, мумфаршкунии роҳро мутахассисониширкати «Ваҳдат-2018» ба уҳда доранд.

Раиси вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Исфара боздид намуд



АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво