28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии экологӣ доир шуд

217
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии экологӣ доир шуд28 сентябр дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода доир гардид, ҷараёни татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа татбиқи ин санади муҳим, хусусан тадбирҳое, ки дар самти амалӣ гардонидани он андешида шудаанд, муҳокима гардиданд.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода доир ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гузориш дод.

Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии экологӣ доир шуд


Бо мақсади татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид. Дар доираи татбиқи барнома бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолии мамлакат аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф дар шаҳру навоҳии мамлакат гузаронида шуда, инчунин ҷиҳати сафарбарӣ дар чорабиниҳои гуногуни экологӣ дастаҳои волонтёрҳо ташкил гардид.

Ҳамчунин бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади тарғиби масъалаҳои экологӣ дар воситаҳои ахбори омма маҳфили журналистони экологӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҷаласа муовини аввали Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода роҷеъ ба татбиқи барнома дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва олии мамлакат ва дигар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба ҷараёни иҷрои барнома гузориш дод.

Бояд тазаккур дод, ки «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2021 қабул гардида, аз 12 боб ва 35 банд иборат аст. Ҳадафи барнома баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии мамлакат ва андешидани тадбирҳои зарурию саривақтӣ доир ба ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, аз эрозия нигоҳ доштани заминҳои кишт, беҳдошти ғизои аз лиҳози экологӣ солим, таъмини амнияти экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, хусусан миёни наврасону ҷавонон ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт, тақвияти раванди ниҳолшинонӣ дар саросари мамлакат, хусусан боз ҳам беҳтар гардонидани корҳо оид ба тозагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масоили муҳими марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарият ва масъулини вазорату идораҳо ҷиҳати татбиқи босифати «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво