Дар деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рӯдакӣ бунгоҳи тиббии муосир сохта шуд![]() ![]() Дар маросими ба истифода додани ин бунгоҳи тиббӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур иштирок намуданд. Дар рӯзи кушодашавии бунгоҳи тиббии мазкур ба 20 нафар кӯдакон амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд. Ёдовар мешавем, ки соли равон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 8 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 5 бинои дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. То охири сол дар ноҳия 3 муассисаи тандурустӣ низ сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |