29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара кумак расонида шуд

125
Ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара кумак расонида шудАз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Деваштич ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар воқеаҳои охири марзӣ 14-17 сентябри соли равон аз ҳама бештар манзилҳои истиқоматиашон зарар дида буданд, ба миқдори зиёд молҳои хоҷагӣ, аз ҷумла гилем, кӯрпаву кӯрпача, болишт, дег, зарфҳои гуногунҳаҷм, либосҳои кӯдакона, инчунин маводи хӯрока, аз қабили зиёда аз 1 тонна картошка, сабзӣ, биринҷ, орд, пиёз, макарон, шириниҳо ва равғани растанӣ кумак расонида шуд.

Тавре аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ҳизбиёни ноҳияи Деваштич бо расонидани кумаки моддӣ ҳамраъии худро ба зарардидагони шаҳри Исфара дар муноқишаҳои сарҳадӣ изҳор намуданд.

Бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Мамурзода, кормандони масъули ноҳиявии ҳизб, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҷамоати Чоркӯҳ Савриддин Раҷабов кӯмаки башардӯстона ба сокинони маҳаллаи Сомониён супорида шуд.

Зуфар Исмоилзода зимни суҳбат сокинони маҳалларо ба таҳаммулпазирӣ даъват намуда изҳор кард, ки дар ҳамаи ҳолатҳо ҳизбиёни вилояти Суғд ҳамеша дар паҳлӯи онҳо мебошанд. Ҳамеша омода ҳастанд, ки онҳоро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намоянд.

Зарардидагон барои кӯмаку дастгирӣ ба ҳизбиёни ноҳияи Деваштич миннатдории самимӣ баён карданд.

АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво