19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак ташаббуси наҷиберо таҳти унвони «Мактаби ман» роҳандозӣ намуд

75
КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак ташаббуси наҷиберо таҳти унвони «Мактаби ман» роҳандозӣ намудКормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо ҷалби хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №22 маҳаллаи Навде ташаббуси наҷиберо таҳти унвони «Мактаби ман» роҳандозӣ намуданд. Ҷавонони ватандӯст дар гузаронидани 22 км хатти оби нӯшокӣ, мумфаршсозии 3,5 км, сангфарш намудани 5 км, бетонпӯш кардани 500 метр роҳҳои маҳаллӣ ва дар бунёди 3 истгоҳи замонавию як бунгоҳи тиббӣ тавассути меҳнати ҷисмонӣ саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак хабар медиҳад.

Раиси маҳаллаи Навдеи шаҳри Норак Садуллоев Ҳабибулло гуфт, ки «роҳандозӣ намудани ин ташаббус аз чанд ҷиҳат фоидаовар аст. Аввал ин ки барои дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатдӯстӣ тарбия намудани онҳо созгор аст. Дуюм ба ин васила онҳо ба қадри меҳнати дигарон ва ободию зебогии сарзамин расиданро меомӯзанд. Гузашта аз ин, аз саҳмгузориашон дар ободии маҳалли зисташон ифтихорманд мегарданд».

Бояд гуфт, ки хонандагони мактаби мазкур ҳамчунин корҳои созандагиро бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ташкил намуда, дар сохтмони майдончаи варзишӣ, ҳавзчаи об барои оташхомӯшкунӣ ва таъмири муассиса барои хониши солҳои 2022-2023, анбор барои захираи ангишту ҳезум дар фасли замистон саҳми арзанда гузоштанд.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак ташаббуси наҷиберо таҳти унвони «Мактаби ман» роҳандозӣ намуд


АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво