29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Зодаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаву диплом гардид

322
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Зодаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаву диплом гардид Зодаи Тоҷикистон Аслигул Тиллохонова дар Озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср комёб гардида, соҳиби ҷоиза ва диплом шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чанде қабл тариқи онлайн Озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ баргузор шуд, ки Аслигул Тиллохонова дар он иштирок намуда, сипас ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср даъват шуд. Ӯ дар Донишгоҳи Ал-Азҳари шаҳри Қоҳира миёни 43 давлати дунё баромад намуда, соҳиби ҷоиза ва диплом гардид.

Аслия ҳамзамон соли 2017 дар шаҳри Вашингтон дар барномаи «Flex» иштирок карда, миёни 35 давлат ҷои 3-юмро соҳиб шуда буд.

Мавсуф хатмкардаи факултети забони англисӣ бо ихтисоси тарҷумони забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки дар асоси он се маротиба барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Охирин Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 қабул гардида, татбиқи он барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба зарурати такмили таълими забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

«Чаро ман ба ин ду забон ишора мекунам? Азбаски аз шаш забони СММ, ки ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътироф шудаанд, ду забон-русӣ ва англисӣ мебошанд. Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад»,- гуфтанд Сарвари давлат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Пешвои миллат илова намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ низ бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон дар тамоми зинаҳои маориф аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамзамон ба такмили ихтисос ва таълими омӯзгорони ҷавоне, ки маҳорати касбиашон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво