20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли Наву оғози нав

792
Соли Наву оғози нав
Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ба муносибати
фарорасии соли нави мелодии 2018

Ҳамкасбони муҳтарам, дӯстони азиз!
Бо истифода аз минбари бинокорону меъморони тоҷик - «Рӯзномаи бинокорон» ва сомонаи Кумита аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам мехоҳам ҳамаи шумо созандагону бунёдгарони ин Ватани зебо ва маҳбубамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2018 аз самими дил муборакбод гуфта, ба шумо ва наздиконатон тансиҳатию хонаободӣ ва дар кору фаъолият баҳри рушду пешравии ҳарчи бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбию муваффақиятҳо орзу намоям.
Бешак, барои шукуфоии кишварамон, суботи ҷомеа ва бунёдкориву созандагӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва дар ин росто соҳаи меъморӣ ва сохтмонро воқеан ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд.
Бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ ҳамасола дар саросари мамлакат бинову иншооти азиму муҳим сохтаву ба истифода дода мешаванд, ки ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.
Паёме, ки санаи 22 декабри соли 2017 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, роҳи татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегии ҷумҳуриро дар бар гирифта, барои таъмини минбаъда ҳаёти шоистаи миллати мо заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки тайи ин давра, сарфи назар аз мушкилоти воқеъии бавуқӯъпайваста дар самти пешрафти ҷомеаи худ ба як қатор дастовардҳое ноил шудем, ки аз дурустии сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Умед дорем, ки Соли нави 2018 дар таърихи тамаддуни башарият бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ меорад.
Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба ин маънӣ, агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2017-ум дар маҷмӯъ соли вусъати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.
Сохта ва ба истифода додани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ - муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.
Мо сокинони ин кишвари биҳиштосой бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бигзор, соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, айёми пурсафои зиндагии осоишта, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Бигзор, дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шӯълабор бошад, роҳи пуршарафи ватансозиву меҳанпарастии ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳро равшантар созад ва шоҳроҳи зиндагиашон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад!
Соли нави мелодиро барои ҳамаи шумо – дӯстони азиз табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромии ҷовидониро орзу менамоям.

Соли нави 2018 муборак бошад, ҳамкасбони гиромӣ!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво