29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалӣ табдил дода шавад

146
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалӣ табдил дода шавадИмрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад», — иброз доштанд Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар донишкадаи мазкур.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

«Мо барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсил бояд тамоми шароити заруриро фароҳам созем ва корро тавре ба роҳ монем, ки ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандонамон ҳарчи камтар гардад, — тазаккур доданд Сарвари давлат. — Бо ин мақсад бояд аз тамоми имконият, аз ҷумла китобхонаҳо, ки барои тадрису омӯзонидани забонҳо заминаи бисёр мусоид мебошанд, васеъ ва самаранок истифода карда шавад».

Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзӣ таҳия ва амалӣ намоянд.

Бояд зикр намуд, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамоянд.

АКС: ДДЗТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво