24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд 9 паҳлавони тоҷик иштирок менамоянд

115
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд 9 паҳлавони тоҷик иштирок менамояндАз 6 то 13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 9 паҳлавон намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар (305 мард, 258 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд.

Аз ҷумла, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 9 паҳлавон намояндагӣ хоҳанд кард:



-66кг – Эмомалӣ Нуралӣ

-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода

-73кг – Муҳаммадраҳим Сарахонов

-81кг – Шодмон Ризоев

-81кг – Сомон Маҳмадбеков

-90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-90кг – Комроншоҳ Устопириён

-100кг – Абубакри Акобир

+100кг – Темур Раҳимов

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон, инчунин рақобати даставии омехта сурат мегирад. Тибқи низомнома, нерусанҷиҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардҳо ва як вазн миёни бонувон доир мегарданд. Рақобати даставии омехта дар рӯзи охир ба нақша гирифта шудааст.

Ғолибону ҷоизадорони чемпионат дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26000 евро, барои ҷои дуюм 15000 евро ва барои ҷои сеюм 8000 евро пешбинӣ шудааст. Дар рақобати даставии омехта ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷои дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25000-евроӣ тақдим хоҳад шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво