20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардад

80
Пагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардадПагоҳ дар панҷ гӯшаи Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои пудратчии ҶСК «НБО Роғун» ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Ярмаркаҳои мазкур аз соати 9:00 дар назди мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хоруғи ВМКБ, бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Маҳмудҷонови шаҳри Бохтар, бинои Маркази ҷавонони маҳаллаи С. Сафарови шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар гулгашти хиёбони Рӯдакӣ 10 (дар назди маркази савдои Садбарг) шаҳри Душанбе оғоз мегарданд.

Музди маош шартномавӣ буда, аз 2700 то 4500 сомонӣ пешниҳод шудааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво