24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рушди ҳамкории дуҷониба миёни корхонаҳои истеҳсолии шаҳрҳои Душанбе ва Минск баррасӣ гардид

69
Рушди ҳамкории дуҷониба миёни корхонаҳои истеҳсолии шаҳрҳои Душанбе ва Минск баррасӣ гардидСафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод 23 сентябр бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Владимир Кухарёв мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ миёни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 июли соли 1998 дар шаҳри Минск миёни Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳо ва Созишнома миёни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво