28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Берлин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

74
Дар Берлин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд Бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ «Шоми парлумонии Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон – NABU» баргузор гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Берлин Имомудин Сатторов иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон ба ҷамъомадагон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Конфронси оби соли 2023, эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», эъломи «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ва аҳаммияти мубрами таъсиси «Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» маълумоти муфассал дод.

Ҳамчунин ба раванди татбиқи ташаббуси минтақавии Олмон «Осиёи Марказии сабз», дурнамои ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон (NABU) ва рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон тамаркуз карда шуд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Олмон, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, вакилони Бундестаг, ташкилот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳайвоноти нодир, ҳамчунин доираи хабарнигорон ҳузур доштанд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво