19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони сатҳи баланд Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

118
Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони сатҳи баланд Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасонандМиёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои кишвар бо Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон дар муддати наздиктарин барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дар бахшҳои баҳри тарафҳо манфиатбахш Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Ректори Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Сайфулло Ахмедов мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Ректори Академияи навтаъсис иброз дошт, ки муассисаи олии таълимӣ бо мусоидати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон ташкил шуда, дар Осиёи марказӣ нахустин ба шумор меравад.

Дар бахшҳои Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Узбекистон тамоми самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ ба донишҷӯён дар муддати чор сол омӯзонида мешаванд.

Акс: ФИКМТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво