24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони Истаравшан ба сокинони зарардидаи наздисарҳадӣ кумак намуданд

125
Cоҳибкорони шаҳри Истаравшан ба 80 оилаи аз ҳодисаҳои охири сарҳадӣ зарардида кумак намуданд. Кумаки мазкур аз орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, шакар, қанди сафед ва тухм иборат мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки ба савдои меваи хушк машғуланд ва бо соҳибкорони шаҳри Исфара ҳамкорӣ доранд, барои 80 оилаи аз ҳодисаҳои охири сарҳадӣ зарардида, аз ҷумла барои 16 оила аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 64 оила аз шаҳри Исфара маҳсулоти хӯрокворӣ ирсол карданд.

Иқдоми соҳибкорони шаҳри Истаравшан минбаъд аз ҷониби дигар шахсони саховатманду хайрхоҳи шаҳр идома дода мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво