29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Мурғоб иқтидори истеҳсоли энергияи офтобӣ зиёд мешавад

111
Ёддошти тафоҳум миёни ҶСК «Помир Энержи» ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба бунёди иқтидори иловагии неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб 22 сентябр дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Директори генералии ҶСК «Помир Энержи» Амирхон Раимов ва Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли иштирок намуданд.

Бо имзо шудани Ёддошт расондани иқтидори захиравии неругоҳи мазкур аз 200 кВт/ соат то 500 кВт/соат ва расонидани иқтидори умумии истеҳсоли қувваи офтобии барқ дар ноҳия аз 1000 кВт/соат ба 1500 кВт/соат дар назар аст.

Зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкории кунунӣ табодули афкор сурат гирифта, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии ноҳияи Мурғоб, амалигардони лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист маълумот дод.

Энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, яъне дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар ба вуҷуд намеорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво