29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бостоншиносон бори нахуст маданияти моддии Панҷакенти замони Сомониёнро таҳқиқ менамоянд

253
Бостоншиносон бори нахуст маданияти моддии Панҷакенти замони Сомониёнро таҳқиқ менамояндБостоншиносони тоҷик бо роҳбарии ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарофиддин Қурбонов давоми 6 мавсими корҳои бостоншиносӣ, ки ба омӯзиши муфассали фарҳанги моддии Панҷакент дар асрҳои 9 – ибтидои асри 13 нигаронида шуда буд, маълум карданд, ки дар ин давра шаҳри бостонӣ дар қисмати шарқии Панҷакенти муосир ҷойгир шуда будааст.

«Бояд гуфт, ки қисми асосии қабатҳои мадании ин давра дар зери биноҳои зичи замонавӣ ҷойгир буда, барои ҳафриёт душвориҳои муайян ба вуҷуд меоранд. Аммо ба ҳар ҳол экспедиция таҳқиқоти худро давом дода, дар қисматҳои азхуднашуда бо истифоди имконияти мавҷуда ҳафриёт мегузаронад»,- гуфт ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Абдураҳмон Пулотов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Абдураҳмон Пулотов афзуд, ки бо оғози ҳар мавсим маълумоти нав пайдо мешавад. Хонаҳои истикоматӣ ва хизмати маишӣ кушода шудаанд, ки дар онҳо меъмории асримиёнагӣ, масолеҳи бинокорӣ ва техникаи бинокориро равшан дидан мумкин аст. Бозёфти ҷолиб- ин ҳуҷраи таҳоратхона мебошад, ки фарши он бо хиштҳои пухташуда пӯшонида шуда буд. Дар мобайни хона чоҳи ҳаштгӯша ёфт шуд, ки дар паҳлӯи он дар рӯи фарш зарфи сафолии мунаққаш меистод. Шумораи зиёди бозёфтҳо пораҳои зарфҳои сафолии сирдор, мунаққаш ва сирнашуда мебошанд. Маснуоти пора-пора ва бутуни шишаю металлӣ, тангаҳо аксар вақт вомехӯранд.

Ҳар як бозёфт бо тарзи худ беназир, нодир ва сазовори таваҷҷуҳи махсус аст. Табақ, коса ва чароғҳои бадеии сирдор, ки бо ороишҳои гуногун оро дода шуда буданд, на танҳо барои корҳои амалӣ, балки барои ороиши дохили хона низ истифода мешуданд. Зарфҳои аз гили сурх сохташудаи шаклҳои гуногун — кӯза, дег, косаву нимкосаҳо, хумча, хурмачаҳо, ки бо расмҳои қаҳваранг, сурх ё сиёҳ хеле зиннат ёфта буданд, сохта шуда, дар шаҳр ба фурӯш бароварда ё иваз карда мешуданд. Маҳсулоти шишагӣ, аз қабили шишаҳои атриёт, шиша, графин, чароғҳо, сиёҳдонҳо, мӯҳраҳо, сумаку тувакҳо, пораҳои шишаи тиреза аз завқ ва тарзи зиндагии мардуми шаҳрҳои асримиёнагӣ нақл мекунанд. Маҳсулоти металлӣ дар рӯзгор ва хоҷагидорӣ истифода мешуданд. Маводи ёфтшуда фонди Осорхонаи Панҷакенти Қадимро пурра мекунанд.

Абдураҳмон Пулотов иброз дошт, ки «тадқиқоти бостоншиносии Панҷакент ва болооби водии Зарафшон соли 1946 оғоз гардида буд. Дар ин муддат дар минтақа шумораи зиёди ёдгориҳои бостонӣ кашф карда шуданд, ки машҳуртарини онҳо Панҷакенти қадим, Саразм, Санҷаршоҳ (ш.Панҷакент), Қалъаи Кӯҳи Муғ (н.Айнӣ), шаҳраки Ҳисорак (н.Кӯҳистони Масчоҳ) мебошанд. Омӯзиши ин ёдгориҳо то имрӯз идома дорад. Аммо то соли 2015 дар мавриди маданияти моддии замони Сомониёни атрофи Панҷакент, бахусус аз диди бостоншиносӣ кам аҳамият зоҳир карда мешуд».

Соли 2015 экспедитсияи муштарики бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ва Осорхонаи давлатии Эрмитаж (роҳбарони экспедиция Ш.Ф. Қурбонов ва П.Б. Луреи) дар Панҷакенти Қадим тасмим гирифт, ки ба ғайр таҳқиқи Панҷакенти асрҳои 5-8-и мелодӣ таҳқиқи Панҷакенти асрҳои 9 – ибтидои 13-и мелодиро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Давраи таҳқиқшаванда аслан замони баъд аз истилои араб то истилои муғулҳоро дар Осиёи Миёна фарогир буда, диққати махсус ба осори маданияти моддии замони Сомониён равона шудааст. Тадқиқоти саҳроӣ ва илмии ин давраро Фирӯз Аминов, ходими илмии экспедитсияи бостоншиносии Панҷакент ва Пажӯҳишгоҳи таърихи фарҳанги моддии Академияи илмҳои Русия (Санкт-Петербург) анҷом медиҳад.

«Интишори илмии натиҷаҳои таҳқиқоти мо дар нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, дар мубодилаи илмӣ ҷорӣ намудани маводи ёфтшуда ва фароҳам овардани шароит барои дастраси хонанда гардидани ин нашрияҳо вазифаҳои муҳимтарини фаъолияти мо мебошанд»,-афзуд Абдураҳмон Пулотов.

АКС: Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво