29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иқдоми тозаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон

902
Ба шарафи Соли ҷавонон аз ҷониби Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) шеърҳои ҷавонтарин шоирони Тоҷикистон бо пешгуфтори раиси ИНТ Низом Қосим ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуд ва бо унвони «Тенгдошлар» («Ҳамсолон») дар маҷмӯаи дастаҷамъӣ дастраси шаҳрвандони Ӯзбекистон гардид.

Тавре тарҷумон, сардори Маркази тарҷумаи ИНТ Сайфулло Қуллаев хабар дод, ин иқдоми тоза воқеан метавонад, ки адабиёти навини моро ба кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя муаррифӣ кунад. Зеро ҷавононе, ки шеърҳояшон мавриди тарҷума қарор гирифтаанд, иштирокчиёни фаъоли Машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ буда, ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои тозаи шоиронаи зиёд доранд, ҳамеша бо ИНТ ҳамкорӣ мекунанд ва аз устодони бузурги ин даргоҳ дарси суханофарӣ меомӯзанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар чор сол як маротиба аз тарафи ИНТ баргузор мешавад. Бори охир соли 2016-ум дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд ва дар он аз тамоми гӯшаю канори кишвар навқаламон иштирок доштанд. Аз байни онҳо пас аз омӯзишу машварати устодон чанде дар бахшҳои назму наср ба узвияти ИНТ пешниҳод гардида, пазируфта шуданд.

Хонандагони ӯзбекзабон тавассути ин китоб бо намунаҳои шеърҳои шоирони ҷавон Муҳриддин Сабурӣ, Баҳроми Раҳматзод, Рустами Аҷамӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Шоҳбегим, Мирзо Наврӯз, Мафтуна ва Толиби Луқмон шинос мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво