20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ню-Йорк мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо муовини Дабири кулли СММ баргузор шуд

57
23 сентябр дар Ню-Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубоев ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва бунёди сулҳ Розмари Дикарло баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Иштирокчиёни мулоқот доир ба вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагии худро барои идомаи музокирот оид ба ҳалли мусолиматомези минбаъда изҳор карданд»,- тазаккур доданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Илова бар ин, ҷонибҳо аҳамияти иҷрои созишҳоро дар чаҳорчӯби Протоколи баимзорасида оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 19 сентябри соли 2022 зикр карданд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво