23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рашт 5 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт

94
Соли равон дар ноҳияи Рашт ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 5 бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Тибқи иттилои сардори КАТС-и ноҳияи Рашт Муҳсиддин Мирзоқурбонов, биноҳҳои тиббии деҳаҳои Ғарми боло, Қалъаи шайх, Кочон, Нишриён ва Истиқлоли ноҳия садамавию ба талаботи имрӯза мувофиқ набуданд. Аз ин рӯ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва соҳибкорони бонанги диёр биноҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд, ки ин бо таҷҳизоти муосири соҳаи тандурустӣ ва мизу курсиҳои замонавӣ таъмин гардидаанд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳия бинои маркази саломатии деҳот ояндаи наздик ба истифода дода мешавад. Сохтмони бинои мазкур ба анҷом расида, дар айни замон корҳои рангубори бино идома доранд. Ҳамчунин дар деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Оби меҳнати ноҳия аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ нуқтаи тиббӣ ба истифода дода мешавад.

Муҳсиддин Мирзоқурбонов иброз дошт, ки «таҳти сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра биноҳои кӯҳнаю садамавии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии деҳот дар ноҳияи Рашт таҷдид ва аз нав сохта мешаванд. Бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ ва бунёди маҳаллаҳои нав бо дастгирии Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ қитъаҳои замин ҷудо гардида, биноҳои нави бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуда истодаанд, ки чунин иқдоми бунёдкорона минбаъд низ амалӣ карда мешавад».



АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво