25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз ду миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид

162
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз ду миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардидИмрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ду миллион воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардид, ки то имрӯз дар мамлакат шумораи он 18 миллиону 523 ҳазору 280 вояро ташкил медиҳад.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими қабули он дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзси Шумин иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ба ҳолати 22 сентябр дар ҷумҳурӣ 5 миллиону 332 ҳазору 386 нафар, ё 98,6 фоиз бо вояи якум, 5 миллиону 249 ҳазору 429 нафар, ё 97,0 фоиз бо вояи дуюм ва 5 миллиону 97 ҳазору 888 нафар, ё 94,2 фоиз бо вояи сеюм бар зидди сирояти коронавирус ваксина гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар анборҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат захираи кофии вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус мавҷуд мебошанд, ки сокинон ба таври ройгон ва бе ягон мушкилӣ метавонанд бар зидди ин беморӣ ваксина бигиранд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво