28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба маориф, мудофиа ва амният доир шуд

121
Ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба маориф, мудофиа ва амният доир шудИмрӯз дар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои маориф, мудофиа ва амният баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар ҷаласаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини Раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз аъзои комиссия масъалаи интихоби Раиси комиссия ва чонишинони ӯро дида баромаданд.

Дар ҷаласаи комиссия ҳамчунин баррасӣ ва қабули якчанд қонунҳои намунавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вакилони парлумони кишварҳои узви ИДМ лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ»; ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти сарҳад», «Дар бораи Сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ»-ро, ки қабули онҳо ба такмили қонунгузории давлатҳои узви ИДМ дар ин самт мусоидат мекунад, баррасӣ намуда, ба Шӯрои АБ ИДМ пешниҳод намуданд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории кишварҳои узви ИДМ оид ба муқовимат ба истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, моддаҳои кимиёвии хатарнок ва агентҳои патогении биологӣ қабул карда шуд.

Пас аз муҳокимаи аъзои комиссия лоиҳаи Тавсияҳо барои кишварҳои узви ИДМ оид ба пешгирӣ ва рафъи қонуншиканиҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои хулосаи коршиносон ба парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ фиристода шуд. Ҳамчунин аъзои комиссия пешниҳодҳоро оид ба нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2025 баррасӣ намуданд.

Инчунин дар шарҳи масъала оид ба маориф, ки дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини Раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ бо реҷаи фосилавӣ иштирок намуд, ҳафт санад, аз ҷумла лоиҳаи таҳрири нави Кодекси иттилоотии намунавӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», « Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», инчунин Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии истифодаи зеҳни сунъӣ, танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, ташкили кори тарбиявӣ бо волидон ва фаъолияти ҷомеаи волидайн ва Тавсияҳо «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо оид ба пешниҳодҳо оид ба Нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025 ва нақшаи кори Комиссия барои соли 2023 ворид гардиданд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво