19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Расонаи мустақили туркии «Orta Asiya» оид ба амалҳои мусаллаҳонаи Қирғизистон дар сарҳад маълумоти муфассал нашр намуд

132
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Расонаи мустақили туркии «Orta Asiya» оид ба амалҳои мусаллаҳонаи Қирғизистон дар сарҳад маълумоти муфассал нашр намудРасонаи мустақили туркии «Orta Asiya» 22 сентябр оид ба муноқишаи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ба нашр расонид. Дар ин мақола, аз ҷумла амалҳои таҷовузкоронаи Қирғизистон дар рӯзҳои 14-17 сентябри соли равон бо истифода аз маълумоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯӣ карда шудааст.

Дар мақола, аз ҷумла, омадааст:

14-17 сентябри соли 2022 низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб постгоҳҳои сарҳадии минтақаҳои наздимарзии шаҳри Исфараро бо истифодаи силоҳҳои гуногуни оташфишон мавриди ҳамла қарор додаанд.

Дар ин ҳамла ҷониби Қирғизистон аз техникаҳои зиреҳпӯш ва тайёраҳои бесарнишин, аз қабили ракетаҳо, миномётҳо истифода намудааст, ки дар натиҷа 2 афсари қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Қирғизистон ба нуқтаҳои ҳаммарз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаҳои ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва афсарони иловагӣ интиқол додааст. Бинобар ин, ҷониби Тоҷикистон барои ҷавоб додан ба ин амалкарди ҳамсоякишвараш маҷбур мегардад.

Инчунин қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан соатҳои 14:10 ба эълон намудани оташбас, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон амалӣ гардидааст, нигоҳ накарда, деҳаҳои Лангар, Сари Бозор ва бинои мактаби миёнаи умумии №47-ро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд, ки дар натиҷа муаллимону мактаббачаҳо захмӣ гардидаанд.

Пас аз ин, сарҳадбонони қирғиз такроран, новобаста аз ба мувофиқа расидани тарафҳо барои барқарор намудани вазъи муқаррарӣ дар сарҳади давлатӣ 16 сентябр, тахминан соати 04:50 ба нуқтаҳои сарҳадии шаҳри Исфара (деҳаҳои Хоҷаи-Ало, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Қулқанд), Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ҳамлаҳои низомӣ анҷом доданд.

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Расонаи мустақили туркии «Orta Asiya» оид ба амалҳои мусаллаҳонаи Қирғизистон дар сарҳад маълумоти муфассал нашр намуд


Деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфараро мушакборон намуда, аз техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ истифода намудаанд.

Худи ҳамон рӯз, соати 6:30 афсарони қирғиз ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Чилгазиро ғасб намуда, 16 хонаи истиқоматии шаҳрвандони мулкиро ғорат намуда, минбаъд оташ задаанд.

Тибқи итиллои дарёфтгардида, афсарони қирғиз ба хонаи истиқоматии Мунавварахон Маҳмудова (шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон) ворид гардида, ӯро бо бераҳмии махсус ба қатл расонидаанд.

Илова бар ин, низомиёни қирғиз эълони оташбасро нақз намуда, ба обанбори «Головной» ҳамла карда, дар Ҷамоати деҳоти Лаккон хонаҳои истиқоматии шаҳрвандонро тахриб намудаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҷониби афсарони Қирғизистон 2 кӯдаки 5-6 сола ва як зани ҳомила, ки аъзои як оила мебошанд, ба қатл расонида шудаанд.

Тақрибан соати 7:30 Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳамаи нуқтаҳои сарҳадии ҳаммарз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи зиёда аз 20 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ ҳамлаҳои мусаллаҳона оғоз намудааст.

Ҳамаи ин дар замоне сурат гирифтааст, ки сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон қарор доштанд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Садир Жапаров гуфтушунид анҷом дода, барои хотима додани низоъҳои марзӣ ба мувофиқа расида буданд.

Ҷумҳурии Қирғизистон дар рафти ҳамлаҳои низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавопаймои бесарнишини навъи «Байрактар ТБ-2» истифода намуда, мактаби №8 ва як масҷидро пурра нобуд кардаанд, ки дар натиҷа 12 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 20 нафар (1 кӯдаки 7-сола) захмӣ гардидаанд. Ҳамзамон лаҳзаи таркишро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд.

17 сентябр, пас аз эълони оташбас ва ба мувофиқа расидани тарафҳо ҷониби Қирғизистон самти роҳи деҳаи Чорқишлоқро мавриди ҳамла қарор дода, аз тӯпи ҷангӣ оташ кушодааст.

Новобаста ба ин соати 11:50 ҷониби Қирғизистон деҳоти Тоҷварони ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 маротиба мавриди ҳамла қарор додааст, ки дар натиҷа дар байни захмишудагон кӯдакон ҳам ҳастанд.

Бар замми ҳамаи шартномаҳои баимзорасида ва эълони оташбас ҷониби Қирғизистон шоми 18 ва рӯзи 19 сентябри соли 2022 чандин маротиба бо истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, корҳои иктишофӣ (разведкавӣ) анҷом додааст, ки ин амал аз ҷониби кормандони интизомии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб ва Лахш мушоҳида гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво