16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло: «Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст»

223
Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло: «Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст»Муассис ва Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло ба ҳар як оилаи афсару аскари фавтида 10 000 сомонӣ, захмигашта 5 000 сомонӣ, ба оилаҳое, ки аъзояшон ҳалок гардидаанд 5 000 сомонӣ ва барои навсозии биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба Исфара хароб шудаанд 100 тонна семент кумак намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» иттилоъ доданд.

Акбар Асадулло зикр намудааст, ки «дар чунин лаҳзаҳои душвори Ватан мо набояд бетараф бошем. Ҳар кадоме бояд тавре ки метавонем дар ҳимояи марзу буми хеш саҳм гузорем. Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст».

«Лозим шавад, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷонамонро нисор мекунем. Биёед, дасти ба даст гирифта, сарзамини аҷдодиамонро ҳифз намоем.Дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдарду мадагори сарбозони Ватан бошем», — мегӯяд ӯ.

Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло: «Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст»


Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло: «Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст»


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 21 сентябр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд равон карда шуд. Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.

Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.

АКС: Facebook /Мардихудо Давлатов/НИАТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво