25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт

157
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфтДар маҳаллаи Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

Дар расми ифтитоҳи он Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф , сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Директори МД «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳиявӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази омӯзишӣ дидан намуданд.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт


Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт


Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимист, ки бештар миёни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Ин ҳунари мардумӣ дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, пеш аз ҳама, рамзи баҳор аст ва гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд.

Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва либоси миллиашон мешинохтанд ва ин рукн ҳанӯз ҳам риоя мегардад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимӣ буда, маълум мегардад, ки либосҳои миллии мо қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво