25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Қатар оид ба идомаи иқдомҳои иғвогаронаи Қирғизистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ маълумот дод

125
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Қатар оид ба идомаи иқдомҳои иғвогаронаи Қирғизистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ маълумот дод22 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Қатар д-р Аҳмад ал-Ҳамодӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар бораи идомаи иқдомҳои иғвогарона ва хасмонаи Қирғизистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва пайомадҳои фоҷиабори таҷовузи мусаллаҳонаи неруҳои ҳарбии Қирғизистон маълумот дод.

«Ба ҷониби қатарӣ далелҳои истифодаи неруҳои қирғиз аз аслиҳаи вазнин ва ҳавопаймоҳои бесарнишин бар зидди аҳолӣ ва сарҳадбонони тоҷик, қатли ваҳшиёнаи шаҳрвандони осоишта, тахриби масҷиду манзилҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ пешниҳод карда шуд», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво