20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАВАҶҶУҲ! Сафорати ҶТ дар ФР аз шаҳрвандони мо хоҳиш мекунад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд

203
ТАВАҶҶУҲ! Сафорати ҶТ дар ФР аз шаҳрвандони мо хоҳиш мекунад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намояндСафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.

«Зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст»,- таъкид намуданд дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.

АКС: Сафорати ҶТ дар ФР




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво