26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Жапаров дар иҷлоси СММ сухан гуфта, гумон кардааст аз минбари Жогорку Кенеши Қирғизистон ҳарф мезанад,- сармуҳаррири рӯзномаи «Чаҳони Паём»

133
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Жапаров дар иҷлоси СММ сухан гуфта, гумон кардааст аз минбари Жогорку Кенеши Қирғизистон ҳарф мезанад,- сармуҳаррири рӯзномаи «Чаҳони Паём»«Жапаров Иҷлосияи СММ-ро гумони ҷаласаҳои Жогорку Кенеши Қирғизистон кардааст. Яъне, аз минбари Жогорку Кенеш ҳар нафар рақиби худро бо бешармии тамом, беасосу бедалел сиёҳ карда, ҳатто даст ба гиребон шуда метавонад. Туҳмату буҳтон дар сиёсату давлатдории Қирғизистон амри маъмулӣ шуда, ба ин зуҳурот одат кардаанд»,- ин гуна баён дошт назарашро сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷаҳони Паём», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Комрон Сафаров дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон.

Ба ибрози муаллиф, «Жапаров ба гунаи дарҳам-барҳам гуфтааст, ки соли 1996 ва солҳои баъдӣ Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ бо Россия, Қазоқистон ва Чин муваффақ гардида буд. Вале ин «ҷалолатмаоб» намедонад, ки масоили марзӣ он замон дар доираи Паймони ҳамкории Шанхай, имрӯза Созмони ҳамкории Шанхай, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисонаш ҳастанд, ҳал гардида буд! Шояд ба маълумоти Жапаров бори дигар расонем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон давоми 12 соли охир дар марз бо Қирғизистон беш аз 290 даргирии мусаллаҳона рух додааст. Албатта, дар ин бора санадҳо мавҷуданд ва мақомоту ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар мавриди зарурат пешниҳод хоҳанд кард. Аммо боварии комил дорем, ки мисли даргириҳои чанд рӯзи пеш дар гузашта низ сабабгор марзбонони қирғизанд. Ба чӣ далел? Ҳамин гуна даргириҳои мусаллаҳона тибқи манбаъҳо на танҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар марзи Қирғизистону дигар ҳамсоядавлатҳо мунтазам бо гуноҳи ҷониби Қирғизистон рух медиҳанд. Дар хулқу атвори ин ҳамсояи мо муросокорию ҳамсоядорӣ нест ва дигар ҳамсояҳо низ инро медонанд»,-баён медорад ҳамсуҳбати мо.

Ниҳоят, воқеоти чанд рӯзи охир собит кард, ки аҳдшиканӣ барои ҷониби Қирғизистон одати муқаррарист. Ҳамаи ин барои ҳар яки мо нохушоянд аст. Вале фикр мекунам, ки ҷои хавотирӣ ва ноумедию парешонфикрӣ нест. Мо таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ дорем. Дар сарзамини аҷдодони худ ба сар мебарем. Пояҳои давлатамон устувор асту дар арсаи байналмилалӣ эътибор дорем. Муҳимтар аз ҳама, дар ин гиру дор ҳақ ба ҷониби мост! Ниҳоят, омили аслӣ ва неруи мо дар иттиҳоду ҳамбастагист. Давлату халқи Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сангинтарин мушкилоту имтиҳонҳои зиндагию давлатдориро бо сари баланд гузаштаанд! Ин бор ҳам чунин мешавад! Мо давлат ва халқи тавоноем!

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво