29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Муовини Раиси ноҳияи Мурғоб Абдулқаюм Мурзамат мегӯяд «бо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ душманони ду миллат мехоҳанд вазъро нооромтар созанд»

211
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Муовини Раиси ноҳияи Мурғоб Абдулқаюм Мурзамат мегӯяд «бо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ душманони ду миллат мехоҳанд вазъро нооромтар созанд»Мо шоҳиди онем, ки то омодани роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон баҳсҳое, ки дар сарҳад ба амал меомаданд, бо роҳи сулҳ ҳал мешуданд. Масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба талафоти ҷонии ду тараф овард, вақтҳои охир доғи рӯз гашта, маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда аст: душманони ду миллат мехоҳанд вазъи ба вуҷудомадаро боз ҳам нооромтар созанд,- чунин ибрози назар намуд муовини Раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ Абдулқаюм Мурзамат ба АМИТ «Ховар».

«Мо, сокинони ноҳияи Мурғоб ба оилаи ҳалокшудагон ҳамдардӣ баён намуда, умед дорем, ки ин масъала дар доираи ақли солим ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбад ва ду миллат минбаъд низ бо ҳам дӯсту бародарона умр ба сар мебаранд. Вазъи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки тамоми ақлу заковат, кӯшишу ғайрат, фаъолияти самаранокамонро ба таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем»,- зикр дошт Абдуқаюм Мурзамат, ки худ қирғизтабор аст.

Сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраҳои қадим дар якҷоягӣ бо тоҷикон дар фазои дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми анъанаҳои миллии ҳамдигар зиндагӣ доранд.

Муовини Раиси ноҳияи Мурғоб Абдулқаюм Мурзамат гуфт, ки «мо мехоҳем дӯстии мо поянда бошад, то ба дигарон дарси ибрат шавад. Ба хотири ҳамсоягии таърихии мо, фароҳам овардани зиндагии ором барои наслҳои ояндаи ҳарду миллат ва канда нашудани риштаи дӯстию бародарии ин ду миллати ҳамсоя боварӣ дорем, ки кулли масъалаҳо ба тариқи сулҳу субот ҳалли худро меёбанд».

АКС: МИҲД Мурғоб




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво