28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев пас аз пирӯзӣ бар ҳарифаш ба UFC роҳхат ёфт

139
Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев пас аз пирӯзӣ бар ҳарифаш ба UFC роҳхат ёфтМуштзани шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев дар мубориза барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Уикиро дар раунди якум шикаст дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Ҳамин тавр муштзани тоҷик Нурулло Алиев ба бузургтарин созмони размкории ҷаҳон UFC пайваст. Акнун Нурулло аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар UFC ҳунармоӣ мекунад.

Ҷош Уик 12 пирӯзӣ ва панҷ бохт дорад. Ӯ дар созмонҳои гуногун мубориза намуда, як разми хешро дар ташкилоти амрикоии Bellator анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш варзишгари тоҷик Нурулло Алиев бо ташкилоти Дана Уайт — «Dana White Contender Series» шартнома ба имзо расонид. Ҳоло Нурулло пас аз ғалаба бар Ҷош Уики 27-сола ба UFC роҳ ёфт ва минбаъд рақобатҳояшро дар ин ташкилот доир мекунад.

Нурулло Алиеви 22-сола ҳоло бо 7 пирӯзӣ ва бе ягон бохт фаъолияташро идома медиҳад. Алиев фаъолияти касбии худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 оғоз кард ва тавонист дар чанд созмони маҳаллӣ ҳунарнамоӣ кунад. Нурулло охирин набарди худро моҳи сентябри соли гузашта анҷом дода, бо қарори якдилона пирӯз шуда буд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво