19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«РАВАНДИ ДУШАНБЕ ОИД БА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ». Бахшида ба ин конфронс дар Ню-Йорк брифинг баргузор шуд

349
14 сентябр брифинги муштараки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябр дар Душанбе баргузор мегардад, дар қолаби маҷозӣ доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков дар бораи барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотии Конфронси байналмилалии мазкур, инчунин «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ва маблағгузории он, иқдому талошҳо ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Намояндаи доимии кишвар итминон дод, ки Конфронси амниятии Душанбе ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои амниятӣ такони нав бахшида, «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ҳамчун платформаи муҳим барои ҳамкории созанда ва судманд барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ хизмат хоҳад кард.

Муовини Дабири кулли СММ зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризм, аз ҷумла тавассути ҳамкории худ бо Дафтари зиддитеррористии СММ нақши муассир мебозад.

Дар брифинг зиёда аз 90 нафар, аз ҷумла намояндагони кишварҳои узви СММ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Узбекистон, Тунис, Испания, Шри-Ланка, Кирибати, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Чин, Марокаш ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ зимни баромади худ дар брифинг саҳм ва ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муҳим арзёбӣ намуда, иқдоми навбатии кишвари моро оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд муҳим ва саривақтӣ хонданд.

Дар фарҷоми брифинг Намояндаи доимии кишвар ва Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ аз кишварҳои узв даъват намуданд, ки иштироки ҳайатҳои худро дар чорабинии мазкур дар сатҳи баланд таъмин намоянд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии СММ, ки муштаракан бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки конфронс вазирон ва шахсони расмиро аз давлатҳои узви СММ, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот ва дигаронро ҷиҳати табодули назар оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористон гирди ҳам хоҳад овард.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ ду Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Душанбе муваффақона баргузор намуд.

Интизор меравад, ки аз натиҷаи конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул гардад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 19 август сабти номи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси зиддитеррористии Душанбе оғоз кард.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии конфронси мазкур ба Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргардида тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (Тел: +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) то 15 сентябри соли 2022 манзур намоянд.

Ҳамзамон тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) то 30 сентябри соли 2022 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

АКС: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво