19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Панҷакент коргоҳи саноатии ҶСП «Мармари Саразм» ба кор шурӯъ мекунад

138
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Панҷакент коргоҳи саноатии ҶСП «Мармари Саразм» ба кор шурӯъ мекунадДар шаҳри Панҷакент Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм», ки барои коркарди захираҳои бузурги мармари ҳудуди шаҳр пешбинӣ шудааст, ба кор оғоз мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Саноатикунонии босуръати мамлакат, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ дониста шудааст, ба рушди саноат такони нав бахшид.

Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм» боздид намуда, бо фаъолияти коргоҳ шинос шуд ва ба роҳбарияти нави он ҷиҳати ба кор андохтани мошину механизмҳои мавҷуда, таҷдиди корхона, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ташкили ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дод.



АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво