«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шакли хурди намоиш ифтитоҳ ёфт
162
20 сентябр дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 30 сентябр идома меёбад, хабар дод сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар».
Дар ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, Директори Осорхонаи таърхии вилояти Суғд Мансурҷон Бойматов, устодону донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ба тамошо гузошта шудаанд, ки инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» қаблан давоми як моҳ дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба ин восита мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз ин намоиши сайёр дидан карда, бо осори таърихии ниёгони хеш шинос гарданд. АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |