23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок дорад

117
Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок дорад20 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ таҳти раёсати Раиси тозаинтихоби он Чаба Короши (намояндаи Маҷористон) ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.

Интизор меравад, ки Вазири корҳои хориҷӣ мавқеъ ва диди Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонию минтақавӣ ва роҳҳалҳои он ироа намояд.

Кори иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлоси МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кор оғоз намуда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво