19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркиро шадидан маҳкум кард

155
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркиро шадидан маҳкум кардВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амреевро роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шадидан маҳкум кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«16 сентябри соли 2022 дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Б.Амреев роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот дод. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти мазкурро шадидан маҳкум мекунад», — омадааст дар изҳороти вазорат.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки изҳороти Б.Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад.

Чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво