20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт!

152
Ҳамлаи ноҷавонмардонаи сарҳадбонони қирғиз ба хоки Тоҷикистон чанд рӯз аст, ки мардуми моро ба изтироб овардааст. 41 нафар фарзандони содиқу шуҷоъ барои ҳифзи Ватану оилаи худ ҷони худро аз даст доданд. Чандин хонвода имрӯз мотам дорад, Тоҷикистон мотам дорад. Боз ашки тифлони бегуноҳ, хуни тифлони бегуноҳ рехта шуд. Боз дили мардуми тоҷик барои шаҳидонаш пурхун шуд.
Дар фазои иттилоотӣ низ аз ҷониби кишвари ҳамсоя хабарҳои бардурӯғ низ ғазаби мардумро дучанд мекунанд. Ҳамаи ин воқеаҳову дасисаҳои ноҷавонмардонаи ҳамсояҳо аҳли кормандони Кумитаи меъмориӣ ва сохтмонро низ бетараф нагузошт. Риоя накардани қарордодҳои қаблӣ аз ҷониби Қирғизистон ва истифодаи бесарнишинҳо бо снарядҳои артиллерӣ ва тирборонкунии аҳолии осоишта ҳамаи моро ба ташвиш овард.
Чи тавре, ки расонаҳои хабарнигорӣ иттилоъ медиҳанд, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зикр намуд, Қирғизистон асноди қаблан имзошударо рад кард, дар ҷараёни музокирот дар мавриди таъйини марзҳо Қирғизистон аз асноди қаблан имзошуда даст кашид. Рӯзи 16 сентябр Бишкек ва Душанбе ба оташбас тавофуқ карданд, аммо 18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, низомиёни дидбонгоҳи марзии «Кӯктош» -и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро вайрон карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи посгоҳи Душанбеи отряди сарҳадии Исфара тир холӣ карданд. Теъдоди ҳалокати тоҷикон дар марз бо Қирғизистон маълум шуд. Ҳарбиёни ҷумҳурии ҳамсоя ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканд Исфара, инчунин Хистеварз ва Овчикалъачаи нохияи Бобоҷон Ғафуров. Дар натичаи муноқиша 7 сокини махаллӣкушта, 14 нафари дигар захмӣ шуданд.
Шаби 19 сентябр раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов ва Қирғизистон Камчибек Ташиев дидору гуфтугӯ карданд, ки дар натиҷа протоколи хуруҷи нерӯҳои изофӣ аз хатти марзӣ ба имзо расид.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов пас аз мулоқот ва имзои протокол бо ҷониби Қирғизистон изҳори итминон намуд, ки дар сарҳадҳои давлатии ҳарду кишвар сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад.
Ин хабар моро водор менамояд, ки дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, марзу буми худ, оила ва фарзандони худро муҳофизат намоем, нагузорем, ки боз дар хонадони тоҷик мотам ояд ва ҳаёти осоиштаи халқ, ки бо ҷоннисориҳо ба даст омадааст, дубора аз даст диҳем.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво