29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Ҳеҷ гоҳ боғи мақсуди бадхоҳон гул нахоҳад кард!

116
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Ҳеҷ гоҳ боғи мақсуди бадхоҳон гул нахоҳад кард!Сиёсати тоҷикбадбиние, ки имрӯз аз ҷониби Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, кори дасти роҳбарони баландпояи ин кишвар- Садир Жапаров ва Қамчибек Ташиев мебошад. Маҳз онҳо бо роҳнамоии хоҷагони худ бо умеди ба даст овардани пулу сарват ин корҳои душманонаро нисбат ба миллати соҳибфарҳанги тоҷик раво дида истодаанд. Магар онҳо намебинанд, ки имрӯзҳо дар қаламрави Тоҷикистон халқи қирғиз сукунат дошта, аз ҳамаи имконияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ бархӯрдоранд. Пас ҳамин аст поси ҳамсоягиву дӯстӣ?

Ба ин савол муовини Раиси ноҳияи Ишкошим оид ба масъалаҳои идеологӣ Душанбе НАЗАРЗОДА чунин посух гуфт:

«Ҳуҷуми ноогоҳонае, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ба амал омад, ҳамаи мардуми осоиштаи кишварамонро хотирпарешон намуд. Зеро мардуми тоҷик баъд аз гуфтушунидҳои қаблии вобаста ба қазияҳои сарҳадӣ дар Ворух баамаломада ба аҳду паймони роҳбарони қирғиз бовар намуда буд. Аз қадим мардуми тоҷик аҳдшикан набуд ва аҳдшиканӣ ҳам накардааст.

Лутфу меҳрубонии тоҷикона буд, ки мардуми қирғизро дар паҳлӯи худ ҷой дода, умед аз он дошт, ки ин ҳамсоя дар рӯзҳои душвор аз дасташ мегирад. Мутаассифона, бо гузашти солҳо мардуми қирғиз худро соҳибватан шуморида, барои ишғоли сарзамини таърихии тоҷикон дастдарозӣ намуда истодаанд.

Шайх Саъдии бузург беҳуда нагуфтааст:

Саъдиё, Шерозиё, таълим мадеҳ бадзотро,
Бадзот агар доно шавад, санге занад устодро.


Воқеан, мо шоҳид гаштем, ки чӣ гуна низомиёни қирғиз бераҳмона ба сӯйи тифлону модарон ва падарону бародарони мо тир кушоданд. Ин рафтори ноҷавонмардонаву душманонаи роҳбарияти Қирғизистонро маҳкум намуда, гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ боғи мақсуди бадхоҳон гул нахоҳад кард.

Ман ба халқи қирғиз гуфтаниам, ки бори дигар саҳифаи таърихатонро варақгардон намоеду аз давраҳои саҳронишиниатон то имрӯз хулоса бароред, ки чӣ гуна шуморо тоҷикон шаҳрнишин намуданд. Сабаби зулму бераҳмиатон дар он аст, ки чун Пешвои миллати мо роҳбари сиёсатмадору дурандеш надоред ва дар замиратон заррае инсондӯстӣ(гуманизм) ҷой надорад.

Мо, халқи тоҷик бо гузаштаву имрӯзи худ ифтихор дорем. Ифтихор дорем, ки дар саҳифаҳои таърих давлате бо номи Тоҷикистон арзӣ ҳастӣ дорад. Мо бо ғурури баланди ватандорӣ ва иродаи қавӣ барои муҳофизати хоки ватани аҷдодиамон Тоҷикистон омода ҳастем ва ба душманони миллатамон ҷавоби дандоншикан медиҳем. Намегузорем, ки нохалафе дигарбора дасти тамаъ ба сарзамини мо дароз намояд», — гуфт муовини Раиси ноҳияи Ишкошим оид ба масъалаҳои идеологӣ Душанбе Назарзода.

АКС аз бойгонии Душанбе Назарзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво