25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Арабистони Саудӣ оид ба рӯйдодҳои фоҷиабори сарҳад иттилои муфассал дод

154
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Арабистони Саудӣ оид ба рӯйдодҳои фоҷиабори сарҳад иттилои муфассал дод19 сентябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Хурайҷӣ баргузор гардид.

«Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон ба ҷониби саудӣ дар бораи рӯйдодҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва таҷовузи низомии ҷониби қирғизистонӣ алайҳи Тоҷикистон иттилои муфассал дод», — таъкид намуданд дар ВКХ кишвар.

Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

АКС аз бойгонии ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво