30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шаҳрвандони солимфикри қирғиз аз иқдомоти саркардагони ҳодисаҳои марзӣ розӣ нестанд

34
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шаҳрвандони солимфикри қирғиз аз иқдомоти саркардагони ҳодисаҳои марзӣ розӣ нестанд
Дар Қирғизистон эҳтимоли сар задани инқилоби навбатӣ вуҷуд дорад. Чунин навиштааст дирӯз, 18 сентябр дар саҳифаи худ дар Facebook корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз РАМАЗОН.

«Шаҳрвандони солимфикри қирғиз аз иқдомоти саркардагони ҳодисаҳои марзӣ розӣ нестанд ва хостори ба истеъфо рафтани онҳо мебошанд», — навиштааст ӯ.

Ба андешаи ӯ, мушкилоти ҳалношудаи марзӣ бо ҳамсоякишвар ба қабули қарорҳои нодуруст ва ғаразноки роҳбарияти мақомоти гуногуни Қирғизистон рабт дорад.

Мавсуф зарур мешуморад, ки ҳар як амали пешгирифта ба ояндаи дарозмуддати ду миллат равона шуда бошад. Бинобар ин мушкилоти марзӣ бояд имрӯз ҳалли худро пайдо кунад, то барои наслҳои ояндаи ду кишвари ҳамсоя хатарҳои нав эҷод насозад.

«Маълум аст, ки замони муосир замони ақлгароист. Масоили тақдирсозро бояд сиёсатмадорон, дипломатҳо, равшанфикрон, таҳлилгарон ва зиёиёни ду кишвар ҳаллу фасл намоянд. Боиси нигаронист, ки ин вазифаро имрӯз блогерон ва шахсиятҳои алоҳидае бар души худ гирифтаанд, ки умуман қабули қарор аз онҳо вобастагӣ надорад. Дар ин ҷанги иттилоотӣ ғаразҳо ва бадбиниҳои бештаре пайдо мегарданд, ки масъаларо даҳчанд печида месозад», — мегӯяд Фирӯз Рамазон.

Бино ба суханони номбурда, қурбониҳои зиёди инсонӣ дар марз воқеъан боиси нигаронӣ аст. Фирӯз Рамазон навиштааст: «Ҷониби қирғиз ба хубӣ маълумот дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати бузурги ҳарбиро соҳиб аст ва дар баробари тамоми хатару таҳдидҳо истодагарӣ карда метавонад. Аммо шояд умедашон ба дахолати кишвари сеюм бошад, ки амалҳои берун аз аҳдномаҳои байнидавлатиро анҷом медиҳанд». – тахмин задааст муаллиф.

Мавсуф чунин мешумолрад, ки мушкилоти марзӣ набояд боиси бадбинӣ ва нафрат дар байни ду миллат гардад, балки бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо такя кардан ба ақлу маърифати баланди инсонӣ тариқи осоиштаю ҳуқуқӣ ҳал шавад.

«Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кушоду равшан баён доштааст, ки тарафдори бо роҳи осоишта ва дар асоси музокироти ду ҷониб ҳал кардани мушкилоти марзӣ мебошад. То кадом андоза элитаи сиёсии Қирғизистон ин роҳи ҳалро ҷонибдорӣ менамояд, ҳанӯз ҳам посухи мушаххас вуҷуд надорад. Зеро амалан аз ҷониби онҳо танҳо аҳдшиканӣ ва хиёнат ба ҳамсоякишвар ба мушоҳида мерасад. Вале фаромӯш набояд кард, ки оқибати ин амалҳо на танҳо шикаст хурдан аст, балки эҳтимоли сар задани як инқилоби рангаи навбатӣ дар Қирғизистон хоҳад буд», — хулоса кардааст Фирӯз Рамазон.

АКС аз саҳифаи инфиродии Ф. Рамазон дар ФБ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво