20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд

149
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд18 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни аёдати захмиёни даргириҳои охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Афсарону сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканонаи неруҳои низомии Қирғизистон ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон чанд нафар афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, ки ҷароҳат гирифта буданд, ба табобат фаро гирифта шуданд.

Вазъи зарардидагон таҳти назорати шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб қарор дорад.

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд


ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд


ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд


ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд


АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво