16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳринав мумфаршкунии роҳҳо оғоз гардид

281
БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳринав мумфаршкунии роҳҳо оғоз гардидДар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Раиси ноҳия Абдуқодир Вализода ва соҳибкорону сокинон мумфаршкунии роҳи деҳаи Даҳбед оғоз гардид. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

Роҳи мазкур дар масофаи 1,5 км бо як миллион сомонӣ маблағи соҳибкори маҳаллӣ Аюбҷон Қузиев мумфарш карда мешавад.

Раиси ноҳия зимни шиносоӣ ва оғози корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ иброз намуд, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, то имрӯз дар ноҳия садҳо иншоот ба истифода дода шудаанд. Баҳри ривоҷи корҳо дар ин самт сохтмони иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо дастгирии соҳибкорони бонанги диёр ва сокинони маҳал низ вусъат ёфта истодааст.

Абдуқодир Вализода зимни суҳбат бо соҳибкор ва сокинон барои амалӣ намудани хайри ҷория миннатдорӣ намуда, аз сокинон даъват намуд, ки дар ободонии маҳал саҳм гузошта, кӯчаву маҳалли худро тозаву озода нигоҳ доранд.

Инчунин бо ташаббуси Кумитаи иҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони саховатпешаю аъзою ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти ватани маҳбубамон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4 км роҳҳои байнидеҳавии деҳаҳои Даҳбед ва Сангмелаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ ҳамвор гардида, дар айни замон корҳои мумфаршкунӣ идома доранд.

Илова бар ин аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Аюбҷон Қӯзиев Маркази саломатии замонавии дуошёнаи «Даҳбед» дар деҳаи Даҳбед бо масоҳати умумии 600 метри мураббаъ бо маблағи зиёда аз якуним миллион сомонӣ сохта шудааст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво