ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад![]() ![]() Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд. Соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд. «Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд», — омадааст дар иттилоия. Соати 19:00-и бегоҳ ду ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд. Аммо вазъият дар хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи мазкур мураккаб боқӣ мемонад. АКС аз бойгонӣ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |